logo_v

Муваффақият дар тиҷорат ва дастовардҳои дароз муддат дар ҳолате имконпазир мегардад, ки ширкатмайл ба самти иҷтимоӣ дорад, яъне, стратегияи тиҷоратии ширкат беҳтар намудани зиндагии мардумро ифода кунад.Танҳо дар ин сурат, ширкат метавонад кафолати мавҷудияти тулонӣ ва фоиданоки худро таъмин кунад.Ин замоне воқеист, ки хизматрасонии молиявӣ ба аҳолӣ расонида шавад. Баланд бардоштани сатҳи молиявию некӯаҳволии мардум яке аз омилҳои муҳим дар баланд бардоштани сифати ҳаёти ҷомеа мебошад.Дастаи мо итминон дорад, ки дастрасии аҳолӣ ба захираҳои молиявӣ, аз ҷумла тавассути пешниҳоди захираҳои қарзии арзон ба қишри муҳтоҷи ҷомеа, албатта, некуаҳволии одамонро баланд мебардорад

ҶДММТАҚХ “Стандарт молия” иҷозатномаи № 0000027 БМТдар апрели соли 2014 гирифт. Замони ташкили ширкат роҳбарият ва саҳмдорон мақсад гузоштанд, ки сармояи худ ва ҳамкоронро ҷиҳати маблағгузори ба корхонаҳои хурд, ҳамчунин рушди қарзҳои истеъмолӣ равона мекунанд. Диққати махсус, дар самти қарз барои таълим ва қарзҳо барои беҳтар намудани шароити зист дода шудааст. Дар ин ҷо стратегияи ширкат маънои сатҳи пасти фоизи қарз ва муҳлати дарозтари пардохтҳоро ифода мекунад..

29 феврали соли 2016 ҶДММТАҚХ “Стандарт моия” иҷозатномаи № 0000060 БМТ –ро гирифта ба ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” табдил шуд.

Осон, шаффоф, боэътимод