Хуш омадед ба Бонки байналмилалии Тоҷикистон
Хизматрасониҳои мо қарзҳо, пасандозҳо, интиқоли пул, пардохтҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ, амалиётҳои асъорӣ мебошанд.
АфзалиятҳоҲадафҳо
ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ БА ХОТИРИ ПЕШРАФТИ ЗИНДАГИИ ОНҲО
Барору муваффақият ва фоидаи дарозмуддат дар тиҷорат танҳо дар ҳолате имкон дорад, ки ширкат ба самти иҷтимоиёт равона шуда бошад, яъне стратегияи тиҷорати ширкат беҳтар намудани сифати зиндагии одамонро дар назар дорад. Танҳо дар ин ҳолат ширкат метавонад кафолати мавҷудияти дарозмуддату фоидаоварро барои худ таъмин кунад.
Ин масълала бахусус замоне муҳим аст, ки сухан дар бораи пешниҳод намудани хизматрасониҳои молиявӣ барои аҳолӣ меравад. Боло бурдани сатҳи некӯаҳволии молиявии одамон яке аз муҳимтарин омилҳои беҳсозии сифати зиндагии аҳолӣ мебошад.
Дастаи мо боварию итминон дорад, ки осон намудани дастрасии аҳолӣ ба захираҳои молиявӣ, аз он ҷумла ба воситаи пешниҳод намудани маблағҳои қарзии арзон ба табақаҳои осебпазиртарини ҷомеа, бешубҳа, имкон медиҳад, ки некӯаҳволии одамон афзоиш ёбад.
Афзалиятҳо
Пулҳои худро дар бонки мобилӣ идора кунед
Қарзҳо дар муҳлатҳои кӯтоҳ
Муносибати ҷудогона ва мувофиқ ба ҳар як муштарӣ
Хизматрасонии ҷиддиву бодиққат
Хизматрасониҳои пешниҳодшаванда
Таърих
ҶДММ ТАҚХ «Стандарт финанс» иҷозатномаи БМТ № 0000027-ро дар моҳи апрели соли 2014 дарёфт намудааст. Ҳангоми таъсис додани ташкилот роҳбарият ва саҳмдорон дар назди худ ҳадаф гузошта буданд, ки воситаҳои молиявии худ ва шариконро барои маблағгузории муассисаҳои хурд ва ҳамчунин рушди қарздиҳии истеъмолӣ ҷалб намоянд.
Таваҷҷуҳи хос дар ин ҳолат ба қарзҳо барои таҳсилот ва қарзҳо ҷиҳати беҳсозии шароити зиндагӣ дода мешавад. Дар ин маврид стратегияи ташкилот меъёрҳои нисбатан паст барои фоизҳо ва муҳлатҳои нисбатан дарози пардохти қарзҳоро дар назар дорад.
29 феврали соли 2016 ҶДММ ТАҚХ «Стандарт финанс» иҷозатномаи БМТ № 0000060 - ро дарёфт намуда, ба ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” табдил ёфт.
Дастовардҳо
Дар ҳоли ҳозир ташкилот дорои понздаҳ филиал ва понздаҳ маркази хизматрасонии бонкӣ дар шаҳру минтақаҳо мебошад. Дар ташкилот зиёда аз 614 корманд машғул ба кор ҳастанд. Аудитори бонк ширкати аудитории RSM аст. Саҳмдорони бонк ширкатҳои хусусӣ ва шахсони воқеӣ - резидентони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
ТамосСуроғаҳои банкоматҳо
Рӯйхат ва суроғаҳои банкоматҳо
Рейтинги мо
Комёбии муҳими Бонки байналмилалии Тоҷикистон дарёфти рейтинги институтсионалӣ аз MicroFinanza Rating (MFR) дар моҳи июли соли 2022 маҳсуб меёбад. Дар тӯли даҳ соли фаъолияти босамари худ бонк ба дастовардҳои назаррас ноил шуда, бо ҷоизаҳои Visa сарфароз гардид. Инчунин, Бонки байналмилалии Тоҷикистон рейтинги Moody's-ро дар дараҷаи «В3» бо дурнамои «Устувор» соҳиб гардидааст.