Бонуфузтарин корти бонкии низоми пардохтии байналмилалии Visa International бо маҷмӯи хизматрасониҳои беназир.

МАХСУСИЯТ ВА АФЗАЛИЯТҲО

Тибқи қоидаву хостаҳои худ зистан, имкониятҳои наву беназирро кашф кардан, бароҳат сафар намудан, ҳама ҷо меҳмони дилхоҳ будан, барои харидҳо ва пулҳои худ хавотир нашудан – ин ҳама дунёест, ки бо Visa Infinite бароятон кушода мешавад

Хизматрасонии консерж

Ин як тими ёварони касбӣ мебошад, ки омодаанд ба Шумо дар ҳалли дилхоҳ масъала бо реҷаи 24/7 кумак расонанд

Суғурта дар муддати сайру саёҳат

Маблағи пӯшиши суғуртавӣ барои дорандагони корти Visa Infinite ҳангоми пардохти хароҷоти сафар ё иқомат бо корт - то 2 500 000 $

Дастрасӣ ба толорҳои тиҷоратии Lounge Key дар саросари ҷаҳон

Дастрасӣ ба толорҳои тиҷоратии Lounge Key дар саросари ҷаҳон 6 ташрифи ройгон дар давоми сол ба беш аз 1200 толорҳои тиҷоратии Lounge Key дар фурудгоҳҳои саросари ҷаҳон

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ МАҲСУЛОТИ БОНКӢ

Карта IBT GOLD темный.png
  • Асъори пешбурди суратҳисоб - USD/TJS/Евро/Рубл 
  • Муҳлати амали корт – 5 сол
  • Хизматрасонии бетамос
  • Имконияти пайваст намудани хизматрасонии «SMS-банкинг»
  • Амалиётҳо дар шабакаи Интернет
  • Имконияти пайваст намудани хизматрасонии 3DSecure
  • Имконияти кор дар хориҷ аз ҶТ
  • Тахфифҳо дар саросари ҷаҳон тибқи барномаи Visa Premium
  • 24/7 реҷаи дастрасӣ ба хизматрасониҳои Visa Concierge
  • LoungeKey
  • Суғуртакунонии васеи Visa
  • Хизматрасонии Fast track
  • хизматрасонии yQ meet & assist service
  • 6 ташрифи ройгон дар давоми сол ба Lounge Key

ТАРОФАҲО

Барои тамоми мизоҷони худ мо тарофаҳои муфид ва пешниҳодҳои вижаи шарикони худро пешниҳод менамоем.

ОСОН, ШАФФОФ, БОЭЪТИМОД

(+992 44) 625-77-77 1155

СУПОРИШ ДОДАНИ ЗАНГИ РОЙГОН

Шартҳои додани иттилоот

Ман ба Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар дархост оварда шудаанд, бо ҳама гуна тарзу равиш, аз он ҷумла тавассути шахсони сеюм, аз он ҷумла аз роҳи нусха бардоштан, нусхабардории электронӣ, бешахсиятгардонӣ, масдудкунӣ, нобуд кардан ва ҳамчунин барои коркарди зикршудаи маълумотҳои шахсии худ, ки дар натиҷаи коркарди онҳо ба даст оварда шудаанд, бо ҳадафҳои зерин ризоият медиҳам:

  • бастани шартномаи ҳамаҷониба бо Бонк;
  • барориш, хизматрасонии кортҳои бонкӣ;
  • сохтани низомҳои иттилоотии маълумотҳои шахсии Бонк;
  • суғурта намудани ҳаёт/ саломатӣ/ молу мулки ман ва навъҳои дигари суғурта, ки бо мусоидати Бонк ё ба фоидаи Бонк ва/ё ба сабаби бастани шартнома анҷом мегирад;
  • ва ҳамчунин бо дигар ҳадафҳое, ки бевосита ё бавосита бо барориш ва хизматрасонии кортҳои бонкӣ ва пешниҳод намудани дигар маҳсулоти Бонк ва ба ман ирсол намудани иттилоот оид ба маҳсулот ва хизматрасониҳои нави Бонк ва/ё контрагентҳои вай вобастаанд.

Ман ба контрагентҳои Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар ихтиёри/дастрасии Бонк ва/ё контрагентҳои Бонк қарор доранд, аз он ҷумла бо мақсади иттилоъ додани ман оид ба хизматрасониҳои контрагентҳо ва ҳамчунин барои коркарди маълумотҳо оид ба муштариён ва хизматрасониҳои алоқаи ба онҳо мерасонидашуда (дар ҳолате, ки агар контрагенти Бонк оператори алоқа бошад) бо мақсади баҳодиҳию арзёбии қобили пардохт будани ман дар оянда барои тасмимгирӣ оид ба барориши корти қарз ризоият медиҳам.

Ризоияти зикршуда ба муҳлати 15 сол дода шудааст, дар ҳолати бозхондани он коркарди маълумотҳои шахсии ман тавассути Бонк ва/ё шахсони сеюм бояд қатъ гардад ва маълумотҳо ба шарти бекор кардани Шартнома ва пардохти пурраи қарз аз рӯи Шартнома дар муҳлати на дертар аз 1 (як) сол аз санаи қатъ гардидани Шартнома нобуд карда шаванд.