Visa INSOF
ХУСУСИЯТҲО ВА АФЗАЛИЯТҲО
Корти универсалии насияи INSOF – ин имкони амалисозии хоҳиши харидории насияи ашёи зарурӣ дар ҳолест, ки фоизҳоро ба ҷои Шумо мағоза пардохт менамояд; ин имкони пардохти арзиши молу хизматрасонӣ дар нуқтаҳои савдо ва интернет-мағозаҳо, истифода аз насияи бефоиз дар давоми 30 рӯз мебошад.
ИТТИЛООТ ДАР БОРАИ МАҲСУЛОТ
- Асъори пешбурди ҳисоб - сомонӣ
- Муҳлати эътибори корт - 5 сол
- Хизматрасонӣ бетамос
- Имкони пайваст намудани хизматрасонии «SMS-бонкинг»
- Интернет амалиётҳо
- Имкони пайваст намудани хизматрасонии 3DSecure
- Имкони кор дар берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Тахфифҳо дар саросари ҷаҳон аз рӯи барномаи Visa
- Гирифтани пули нақд аз дилхоҳ банкомати кишвар ва мамлкати ҷаҳон
Тарофаҳо
Барои тамоми муштариёни худ мо тарифҳои судманд ва пешниҳодҳои махсусеро аз шарикони бонк пешниҳод менамоем.
ОСОН, ШАФФОФ, БОЭЪТИМОД
(+992 44) 625-77-77 1155
Шартҳои додани иттилоот
Ман ба Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар дархост оварда шудаанд, бо ҳама гуна тарзу равиш, аз он ҷумла тавассути шахсони сеюм, аз он ҷумла аз роҳи нусха бардоштан, нусхабардории электронӣ, бешахсиятгардонӣ, масдудкунӣ, нобуд кардан ва ҳамчунин барои коркарди зикршудаи маълумотҳои шахсии худ, ки дар натиҷаи коркарди онҳо ба даст оварда шудаанд, бо ҳадафҳои зерин ризоият медиҳам:
- бастани шартномаи ҳамаҷониба бо Бонк;
- барориш, хизматрасонии кортҳои бонкӣ;
- сохтани низомҳои иттилоотии маълумотҳои шахсии Бонк;
- суғурта намудани ҳаёт/ саломатӣ/ молу мулки ман ва навъҳои дигари суғурта, ки бо мусоидати Бонк ё ба фоидаи Бонк ва/ё ба сабаби бастани шартнома анҷом мегирад;
- ва ҳамчунин бо дигар ҳадафҳое, ки бевосита ё бавосита бо барориш ва хизматрасонии кортҳои бонкӣ ва пешниҳод намудани дигар маҳсулоти Бонк ва ба ман ирсол намудани иттилоот оид ба маҳсулот ва хизматрасониҳои нави Бонк ва/ё контрагентҳои вай вобастаанд.
Ман ба контрагентҳои Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар ихтиёри/дастрасии Бонк ва/ё контрагентҳои Бонк қарор доранд, аз он ҷумла бо мақсади иттилоъ додани ман оид ба хизматрасониҳои контрагентҳо ва ҳамчунин барои коркарди маълумотҳо оид ба муштариён ва хизматрасониҳои алоқаи ба онҳо мерасонидашуда (дар ҳолате, ки агар контрагенти Бонк оператори алоқа бошад) бо мақсади баҳодиҳию арзёбии қобили пардохт будани ман дар оянда барои тасмимгирӣ оид ба барориши корти қарз ризоият медиҳам.
Ризоияти зикршуда ба муҳлати 15 сол дода шудааст, дар ҳолати бозхондани он коркарди маълумотҳои шахсии ман тавассути Бонк ва/ё шахсони сеюм бояд қатъ гардад ва маълумотҳо ба шарти бекор кардани Шартнома ва пардохти пурраи қарз аз рӯи Шартнома дар муҳлати на дертар аз 1 (як) сол аз санаи қатъ гардидани Шартнома нобуд карда шаванд.