Эквайринг
- Пайвастшавии босуръат
- Қабули кортҳои низомҳои пардохтии асосӣ
- Гузаронидаи маблағ дар рӯзи навбатии корӣ
АФЗАЛИЯТҲО
Пайвастшавии босуръат
Қабули кортҳои низомҳои пардохтии асосӣ
Гузаронидаи маблағ дар рӯзи навбатии корӣ
Интернет эквайринг
Интернет-эквайринг имкон медиҳад, ки дар интернет-мағозаи Шумо пардохти мол ва хизматрасониҳо бо истифода аз кортҳои пардохтии VISA, Корти миллӣ ва IBT24 анҷом гирад.
Хизматрасонии мазкур афзоиши фурӯшҳоро таъмин мекунад, фоиданокӣ ва рақобатпазирии тиҷорати Шумо ва ҳузури Шуморо дар тамоми ҷаҳон васеъ мекунад.
Афзалиятҳои пайвасткунии интернет-эквайринг
дар ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон”:
- Ҳамкорӣ бо бонки боэътимод
- Фавран гузаронидани маблағҳо
- Муносибати инфиродӣ ба ҳар як муштарӣ
- Амнияти баланд ҳангоми анҷом додани пардохтҳо дар интернет, технологияи 3D Secure, протоколи муҳофизатии криптографияи SSL
- Кумаки техникӣ ва фрод-мониторинг
- Имконоти иловагӣ: авторизатсияи пешакӣ, пардохтҳои худкор (автоматикӣ) ва дигар имкониятҳо.
ЭКВАЙРИНГИ ТИҶОРАТӢ
ИН хизматрасони барои корхонаҳои тиҷоратию хизматгузорӣ имкон медиҳад, ки ҳисобу пардохтҳо бо харидорон ва муштариён ба воситаи POS-терминалҳои муосир, аз он ҷумла бо дастгоҳҳои интегратсионии хазинавӣ ва QR терминалҳо анҷом гирад..
Эквайринги тиҷоратӣ имкон медиҳад, ки кортҳои низомҳои пардохтии Visa, Корти миллӣ, UPI ва «Oson» ба таври шабонарӯзӣ қабул карда шаванд.
Афзалиятҳои пайвасткунии эквайринги тиҷоратӣ дар ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон”:
- Хамкорӣ бо бонки боэътимод
- Фавран гузаронидани маблағҳо
- Муносибати инфиродӣ ба ҳар як муштарӣ
- Амнияти баланд ҳангоми анҷом додани пардохтҳо
- Кумаки техникӣ ва фрод-мониторинг
- Таҷҳизоти муосир бо имконияти пардохти бетамос ва навъҳои гуногуни пайвастшавиҳо
- Шароити махсус барои соҳаҳои гуногуни тиҷорат
ОНЛАЙН ДАРХОСТ
ОСОН, ШАФФОФ, БОЭЪТИМОД
(+992 44) 625-77-77 1155
Шартҳои додани иттилоот
Ман ба Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар дархост оварда шудаанд, бо ҳама гуна тарзу равиш, аз он ҷумла тавассути шахсони сеюм, аз он ҷумла аз роҳи нусха бардоштан, нусхабардории электронӣ, бешахсиятгардонӣ, масдудкунӣ, нобуд кардан ва ҳамчунин барои коркарди зикршудаи маълумотҳои шахсии худ, ки дар натиҷаи коркарди онҳо ба даст оварда шудаанд, бо ҳадафҳои зерин ризоият медиҳам:
- бастани шартномаи ҳамаҷониба бо Бонк;
- барориш, хизматрасонии кортҳои бонкӣ;
- сохтани низомҳои иттилоотии маълумотҳои шахсии Бонк;
- суғурта намудани ҳаёт/ саломатӣ/ молу мулки ман ва навъҳои дигари суғурта, ки бо мусоидати Бонк ё ба фоидаи Бонк ва/ё ба сабаби бастани шартнома анҷом мегирад;
- ва ҳамчунин бо дигар ҳадафҳое, ки бевосита ё бавосита бо барориш ва хизматрасонии кортҳои бонкӣ ва пешниҳод намудани дигар маҳсулоти Бонк ва ба ман ирсол намудани иттилоот оид ба маҳсулот ва хизматрасониҳои нави Бонк ва/ё контрагентҳои вай вобастаанд.
Ман ба контрагентҳои Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар ихтиёри/дастрасии Бонк ва/ё контрагентҳои Бонк қарор доранд, аз он ҷумла бо мақсади иттилоъ додани ман оид ба хизматрасониҳои контрагентҳо ва ҳамчунин барои коркарди маълумотҳо оид ба муштариён ва хизматрасониҳои алоқаи ба онҳо мерасонидашуда (дар ҳолате, ки агар контрагенти Бонк оператори алоқа бошад) бо мақсади баҳодиҳию арзёбии қобили пардохт будани ман дар оянда барои тасмимгирӣ оид ба барориши корти қарз ризоият медиҳам.
Ризоияти зикршуда ба муҳлати 15 сол дода шудааст, дар ҳолати бозхондани он коркарди маълумотҳои шахсии ман тавассути Бонк ва/ё шахсони сеюм бояд қатъ гардад ва маълумотҳо ба шарти бекор кардани Шартнома ва пардохти пурраи қарз аз рӯи Шартнома дар муҳлати на дертар аз 1 (як) сол аз санаи қатъ гардидани Шартнома нобуд карда шаванд.