ИНТИҚОЛИ МАБЛАҒҲО

  • Зуд
  • Боэътимод
  • Хизматрасонии васеъ ба мизоҷон бидуни навбат

ИНТИҚОЛИ МАБЛАҒ БО ЯК АНГУШТЗАНӢ

ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» ба мизоҷони худ се навъи интиқоли маблағро пешниҳод менамояд. Интиқоли маблағ зуду боэътимод, бе қоғазбозию навбатпоӣ. Шумо метавонед дар дилхоҳ вақт ба хориҷа маблағ интиқол намоед ва ё аз саросари ҷаҳон пул бигиред.

Денежные переводы «Wester Union»

  • Бо ёрии Низоми пардохтии Western Union Шумо метавонед ба хешовандон, наздикон ва дӯстононатон зуд, боэътимод ва осону арзон маблағ интиқол диҳед
  • Тавассути низоми WESTERN UNION ба осонӣ интиқол додани маблағ ба саросари ҷаҳон имконпазир аст
  • Асъори интиқоли маблағ: Рубли русӣ (RUB), доллари ИМА (USD) ва евро (EUR).
  • Барои интиқоли маблағ лозим аст:
  • ✔️Ному насаби пулгиранда (мутобиқи шиноснома)
    ✔️Комиссия тибқи тарофаҳои худи низом ситонида мешавад

  • Барои гирифтани маблағи интиқол бояд донист:
  • ✔️Рамз (10 рақам)
    ✔️Маблағ
    ✔️Ному насаби равонкунанда

  • Комиссияи интиқолҳои воридотӣ 0%

ОСОН, ШАФФОФ, БОЭЪТИМОД

(+992 44) 625-77-77 1155

СУПОРИШ ДОДАНИ ЗАНГИ РОЙГОН

Шартҳои додани иттилоот

Ман ба Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар дархост оварда шудаанд, бо ҳама гуна тарзу равиш, аз он ҷумла тавассути шахсони сеюм, аз он ҷумла аз роҳи нусха бардоштан, нусхабардории электронӣ, бешахсиятгардонӣ, масдудкунӣ, нобуд кардан ва ҳамчунин барои коркарди зикршудаи маълумотҳои шахсии худ, ки дар натиҷаи коркарди онҳо ба даст оварда шудаанд, бо ҳадафҳои зерин ризоият медиҳам:

  • бастани шартномаи ҳамаҷониба бо Бонк;
  • барориш, хизматрасонии кортҳои бонкӣ;
  • сохтани низомҳои иттилоотии маълумотҳои шахсии Бонк;
  • суғурта намудани ҳаёт/ саломатӣ/ молу мулки ман ва навъҳои дигари суғурта, ки бо мусоидати Бонк ё ба фоидаи Бонк ва/ё ба сабаби бастани шартнома анҷом мегирад;
  • ва ҳамчунин бо дигар ҳадафҳое, ки бевосита ё бавосита бо барориш ва хизматрасонии кортҳои бонкӣ ва пешниҳод намудани дигар маҳсулоти Бонк ва ба ман ирсол намудани иттилоот оид ба маҳсулот ва хизматрасониҳои нави Бонк ва/ё контрагентҳои вай вобастаанд.

Ман ба контрагентҳои Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар ихтиёри/дастрасии Бонк ва/ё контрагентҳои Бонк қарор доранд, аз он ҷумла бо мақсади иттилоъ додани ман оид ба хизматрасониҳои контрагентҳо ва ҳамчунин барои коркарди маълумотҳо оид ба муштариён ва хизматрасониҳои алоқаи ба онҳо мерасонидашуда (дар ҳолате, ки агар контрагенти Бонк оператори алоқа бошад) бо мақсади баҳодиҳию арзёбии қобили пардохт будани ман дар оянда барои тасмимгирӣ оид ба барориши корти қарз ризоият медиҳам.

Ризоияти зикршуда ба муҳлати 15 сол дода шудааст, дар ҳолати бозхондани он коркарди маълумотҳои шахсии ман тавассути Бонк ва/ё шахсони сеюм бояд қатъ гардад ва маълумотҳо ба шарти бекор кардани Шартнома ва пардохти пурраи қарз аз рӯи Шартнома дар муҳлати на дертар аз 1 (як) сол аз санаи қатъ гардидани Шартнома нобуд карда шаванд.