Карз барои рушди кишоварзӣ ва соҳибкорӣ

1872
Карз барои рушди кишоварзӣ ва соҳибкорӣ

Дастгирии бахши бонкӣ барои рушди қарздиҳӣ дар минтақаҳои деҳот, дастгирии соҳибкории хурдтарин, хурд ва миёна, рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бонки байналмилалии Тоҷикистон бо мақсади васеъ намудани доираи фарогирии мизоҷон ва пешниҳоди маҳсулоти бонкии хушсифату рақобатпазир ҳамкориҳои худро бо ташкилот ва фондҳои қарзии ватанию хориҷӣ торафт вусъат мебахшад.
Ҷиҳати ноил гардидан ба рушди иқтисодиёти кишвар Бонки байналмилалии Тоҷикистон ва Фонди қарзии хурди “Фонди Бозтамвил” шартномаи ҳамкорӣ дар самти ҷалби захираҳои миёнамуҳлат бо меъёри фоизии нисбатан арзон ба имзо расониданд. Ин омил махсусан дар минтақаҳои деҳот барои соҳаҳои кишоварзӣ ва истеҳсолӣ бениҳоят муҳим мебошад. Акнун, мизоҷон имкон доранд барои рушду инкишофи хоҷагиҳои кишоварзӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, пешниҳоди хизматрасониҳо ва дастгирии соҳибкории хурдтарин, хурд ва миёна маблағҳои қарзиро аз Бонки байналмилалии Тоҷикистон бо асъори миллӣ бо меъёри фоизии нисбатан пасттар, ба муҳлати то 36 моҳ дастрас намоянд.
Тавре Раиси Бонки байналмилалии Тоҷикистон Раҷабов Искандар Ҳабибуллоевич қайд намуд, ки “Ба пешниҳоди қарзҳо дар тамоми минтақаҳои кишвар таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, итминон дерем, ки ин иқдом, махсусан, барои рушди фаъолият ва баланд намудани сатҳи зиндагии мардуми шаҳру ноҳияҳои дурдаст кӯмак намояд”. Инчунин, ин омил баҳри расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ, яъне “саноатикунонии босуръати кишвар” мусоидат хоҳад кард.
Раҳмонзода Шариф, Раиси Раёсати ФҚХ "Фонди Бозтамвил" изҳори боварӣ кард, ки ин оғози ҳамкориҳо маҳсуб ёфта, чунин иқдомҳои судбахш ҷиҳати таъмини фарогирии бештари мизоҷон бо маҳсулоти бонкӣ минбаъд низ идома меёбад.
Бонки байналмилалии Тоҷикистон яке аз бонкҳои муваффақи кишвар маҳсуб ёфта, бо шабакаи васеи филиал ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маҷмӯи васеи маҳсулот ва хизматрасониҳои муосири бонкиро пешниҳод менамояд. Дар ҳамкорӣ бо бонк мизоҷон имкон доранд аз қарзҳои бонкӣ бархурдор гарданд, маблағҳои худро бо шартҳои муфид ба амонат гузоранд, ба ҳамёни электронӣ ва дигар хизматрасониҳои бонкии мобилии IBT24 дастрасӣ пайдо карда, аз кортҳои бонкии дохилию байналмилалӣ васеъ истифода намоянд ва замимаи ОСОН-ро дар интиқоли фаврӣ ва муфиди пул мададрасони худ қарор диҳанд.
Бонки байналмилалии Тоҷикистон.
Осон, шаффоф, боэътимод.



Все новости

ОСОН, ШАФФОФ, БОЭЪТИМОД

(+992 44) 625-77-77 1155

СУПОРИШ ДОДАНИ ЗАНГИ РОЙГОН

Шартҳои додани иттилоот

Ман ба Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар дархост оварда шудаанд, бо ҳама гуна тарзу равиш, аз он ҷумла тавассути шахсони сеюм, аз он ҷумла аз роҳи нусха бардоштан, нусхабардории электронӣ, бешахсиятгардонӣ, масдудкунӣ, нобуд кардан ва ҳамчунин барои коркарди зикршудаи маълумотҳои шахсии худ, ки дар натиҷаи коркарди онҳо ба даст оварда шудаанд, бо ҳадафҳои зерин ризоият медиҳам:

  • бастани шартномаи ҳамаҷониба бо Бонк;
  • барориш, хизматрасонии кортҳои бонкӣ;
  • сохтани низомҳои иттилоотии маълумотҳои шахсии Бонк;
  • суғурта намудани ҳаёт/ саломатӣ/ молу мулки ман ва навъҳои дигари суғурта, ки бо мусоидати Бонк ё ба фоидаи Бонк ва/ё ба сабаби бастани шартнома анҷом мегирад;
  • ва ҳамчунин бо дигар ҳадафҳое, ки бевосита ё бавосита бо барориш ва хизматрасонии кортҳои бонкӣ ва пешниҳод намудани дигар маҳсулоти Бонк ва ба ман ирсол намудани иттилоот оид ба маҳсулот ва хизматрасониҳои нави Бонк ва/ё контрагентҳои вай вобастаанд.

Ман ба контрагентҳои Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар ихтиёри/дастрасии Бонк ва/ё контрагентҳои Бонк қарор доранд, аз он ҷумла бо мақсади иттилоъ додани ман оид ба хизматрасониҳои контрагентҳо ва ҳамчунин барои коркарди маълумотҳо оид ба муштариён ва хизматрасониҳои алоқаи ба онҳо мерасонидашуда (дар ҳолате, ки агар контрагенти Бонк оператори алоқа бошад) бо мақсади баҳодиҳию арзёбии қобили пардохт будани ман дар оянда барои тасмимгирӣ оид ба барориши корти қарз ризоият медиҳам.

Ризоияти зикршуда ба муҳлати 15 сол дода шудааст, дар ҳолати бозхондани он коркарди маълумотҳои шахсии ман тавассути Бонк ва/ё шахсони сеюм бояд қатъ гардад ва маълумотҳо ба шарти бекор кардани Шартнома ва пардохти пурраи қарз аз рӯи Шартнома дар муҳлати на дертар аз 1 (як) сол аз санаи қатъ гардидани Шартнома нобуд карда шаванд.